Бахшида ба Рӯзи китоб — 4 сентябр дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши китоб доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд.

Аз соли 2007 инҷониб дар Тоҷикистон 4 сентябр Рӯзи китоб таҷлил мегардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни гузоштани санги асос ба  бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон ин ҷашнро эълон намуда, иброз доштанд, ки «бо назардошти аҳамияти бузурги китобу китобдорӣ ва донишу маърифат пешниҳод менамоям, ки дар қатори идҳои дигар рӯзи оғози сохтмони Китобхонаи миллӣ ҳамчун Рӯзи китоб таҷлил карда шавад».

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҷумҳурӣ  72 китобхонаи марказӣ, 7 китобхонаи вилоятӣ ва 64 маҷмуи китобхонаҳои марказонида фаъолият мекунад.

АМИТ «Ховар»