Бори аввал, аз миёни ҳама шабакаҳои телевизионӣ ба гуруҳи эҷодии ТВ «ИЛМ ВА ТАБИАТ» муясар гардид то «ПИРЯХИ СУРХ»-ро ба навор бигирад.
Бояд гуфт, ки «Пиряхи сурх» дар ҷамоати Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикобод наздик ба Сурхкул, ки замони пеш онро бо номи Қизилқул медонистанд дар баландии 3-3, 5 000 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад.
Атрофи «Пиряхи сурх» табиати назарфиреб дошта, обаш ончунон сард аст, ки ҳар ташнаеро сероб ва ба баъзе дардҳо низ даъво мебахшад.
Муҳаммадиқболи Абдулмаҷид
корманди ТВ «Илм ва табиат»