Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 16-19 август ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера дар назар буда, чангу ғубор ба амал омада, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва навоҳии ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо, дар роҳҳои кӯҳӣ резиши санг ва ярч вуҷуд дорад.

Дар робита ба ин Кумита аз аҳолӣ хоҳиш менамояд, ки дар чунин ҳаво пӯшидани ниқобҳои тиббиро фаромӯш насозанд. Инчунин ба беморони гирифтори бемориҳои дилу раг, диабети қанд, диққи нафаси бронхиалӣ тавсия дода мешавад, ки зуд-зуд ҳавои хонаро тару тоза нигоҳ дошта, саломатиро эмин нигоҳ доранд.

Дар ин рӯзҳо одамон бояд бештар оби тоза нӯшанд, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, хуб аст. Тавсия дода мешавад, ки тирезаҳои хона пӯшида бошанд ва ҳавои дохили хона пайваста тоза нигоҳ дошта шавад. Бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш набояд кард. Тирезаҳои хонаро бо дока ва ё тӯр бипӯшед, то хатари вуруди ҳар гуна моддаи хатарнок кам шавад.

Ҳамчунин духтурон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд.

Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои диққи нафас ва роҳи нафас ҳастанд, тавсия дода мешавад, ки меъёри доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо нигоҳ доранд.

АМИТ «Ховар»