17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Баданхшон, дар шаҳри Хоруғ ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сандал” оғоз бахшиданд.
Корхонаи пойафзолбарорӣ аз тарафи соҳибкори ҷавон Аъзамҷон Аҳруллоев бахшида ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шуда, таҳти унвони “ЯК” маҳсулот истеҳсол мекунад.
Корҳои бунёдӣ ва васлу насби техникаю таҷҳизоти кории иншооти мазкур соли 2022 шуруъ гардида, он дар маркази шаҳри Хоруғ дар масоҳати 576 метри мураббаъ доман густурдааст. Пудратчии иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Амал” мебошад.