Темур Раҳимов ба даври нимниҳоии Бозиҳои олимпӣ роҳ ёфт ва бо «Шоҳи ҷудои ҷаҳон» — Тедди Ринери фаронсавӣ гӯштин мегирад.
Тедди Ринер қаҳрамони дукаратаи олимпӣ ва барандаи ду нишони биринҷии олимпӣ ва 10 карата қаҳрамони ҷаҳон, 5 карата қаҳрамони Аврупо ва қаҳрамони бисёркаратаи Фаронса мебошад. Ӯро дар ҷаҳони ҷудо ҳамчун шоҳи ин риштаи варзиш мешиносанд.
Охирон маротиба Темур ва Тедди дар финали мусобиқаи “Dushanbe Grand Slam 2024” моҳи майи имсол дар Душанбе ба ҳам омада буданд, ки паҳлавони фаронсавӣ пирӯзӣ ба даст оварда буд.
Моҳи майи соли 2023 дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Доҳа низ Темур ва Тедди Ринер бо ҳам нерӯсанҷӣ карда буданд. Дар даври нимниҳоии мусобиқа Темур дар сонияҳои аввали рақобат аз серҷоизатарин ҷудокори мусобиқаҳои ҷаҳонии ҷудо Тедди Ринер бо имтиёзи иппон мағлуб шуд. Ин аввалин рақобати Темур бо Риннер буд.