Иқтисоди Тоҷикистон солҳои охир ба таври бесобиқа рушд ёфтааст, омадааст дар хабарномаи Бонки ҷаҳонӣ аз 16 июли 2024.

Гуфта мешавад, ки иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2023 8,3% ва дар нимаи аввали соли 2024 8,2% афзоиш ёфтааст, ки ин нишондиҳандаи хеле намоён аст.

Тавре аз ин хабарнома бармеояд, рушди иқтисоди Тоҷикистон тавассути афзоиши даромадҳо аз содироти маҳсулоти дохилӣ, беҳсозии инфрасохтор, сиёсати мутавозини пулию қарзӣ, назорати мизони таваррум ва ҳамкории босамар бо шарикони байналмилалӣ ҳосил шуда, ҳамчунин қарзи хориҷии давлат кам шудааст.

Бо ишора ба хатару таҳдидҳои вобаста ба вазъи иқтисод дар ҷаҳон ва кишварҳои ҳамшарики тиҷоратии мамлакат ҳамчунин як қатор тавсияҳо дода шудааст, ки ба гуфтаи масъулини дахлдори Ҳукумати Тоҷикистон, албатта мавриди омӯзишу корбарӣ қарор мегиранд.

АМИТ «Ховар»                                                                                                                                                                                                АКС аз манбаъҳои боз