16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳия дидан карда, бо деҳқонону кишоварзон суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Дар намоиши маҳсулоти кишоварзӣ мева, хушкмева, сабзавот, ғалладонагиҳо, асал ва номгӯи дигари дастранҷи деҳқонони ноҳия ба маъраз гузошта шуд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки феълан дар ноҳияи Ванҷ 14 ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият дорад, ки дар он 120 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ бо 3217 саҳмдор дар 1458 гектар замини обӣ кишти маҳсулоти гуногуни кишоварзиро ба роҳ мондаанд. Дар маҷмуъ заминҳои корами ноҳияи Ванҷ бештар аз 2 ҳазору 600 гектарро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, бештар аз 1000 гектари онро боғу себзор дар бар мегирад.