Дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 аз риштаи ҷудо Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81 кг соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Сомон дар даври аввал озод буда, дар марҳилаи дуюм бар Фарес Бадавии фаластинӣ ва дар рақобати баъдӣ бар Франк Де Вит аз Нидерланд пирӯз шуд.

Дар даври ¼-ниҳоӣ варзишгари тоҷик бо Тато Григалашвили аз Гурҷистон гӯштин гирифта, аз ӯ шикаст хӯрд ва ба марҳилаи тасаллобахш рафт.

Дар марҳилаи тасаллобахш Сомон бар варзишгари Узбекистон Шарофиддин Болтабоев ғолиб омад.

Варзишгари тоҷик дар рақобат барои медали биринҷӣ бар ҷудочӣ аз Италия Антонио Эспозито ғолиб омада, сазовори ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид.

Ин нахустин медали дастаи олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 аст. Бо ба даст овардани медали биринҷӣ Сомон Маҳмадбеков тавонист баъд аз 16 сол аз риштаи ҷудо барои Тоҷикистон медали олимпиадаро соҳиб шавад. Қаблан, соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин-2008 паҳлавони дигари тоҷик Расул Боқиев ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гардида буд.

АМИТ «Ховар»