18-19 сентябр дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи вазирони Осиёи Марказӣ оид ба пешрафт дар татбиқи чаҳорчӯби ҳамаҷонибаи бехатарии мактабҳо баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти нази Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон, бахусус хонандагон  ва донишҷӯён, баланд бардоштани сатҳи огоҳии онҳо дар бораи масоили экологӣ, чорабиниҳо, аз ҷумла ҳавасмандӣ бо роҳи ташкили озмунҳои экологӣ ва ҷалби онҳо ба ҳалли мушкилоти экологӣ сухан гуфт.

Инчунин намояндагони ҳайатҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист маъруза карданд.

Дар ҷаласа масъалаҳое, ки ба рушди амалҳои муштарак дар ҳалли масъалаҳои экологӣ, тағйирёбии иқлим, коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ, идоракунии самараноки партовҳо ва рушди ҳамкорӣ дар минтақаҳои табиии махсус муҳофизатшаванда равона шудаанд, баррасӣ шуданд.

АМИТ  «Ховар»