Дар баъзе шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ин тадбир дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати ба анҷом расонидани корҳои барқарорсозии роҳи мошингарди кӯчаи Шамсӣ ва дар доираи лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корезии шаҳри Душанбе» андешида мешавад.

Бо мақсади пайваст намудани шоҳқубури навхобонидашудаи қутраш 1020 мм ба шоҳқубури амалкунандаи қутраш 800мм дар хиёбони Сино ва тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида дар маҳаллаҳои Шишхона, Ҳаёти нав, Дӯстӣ, Мовароуннаҳр, Камонгарон, Чортеппа, шаҳракҳои  11, 12, 13, 14, 15, 31, 32, 83, 84, 103 ва 104 интиқоли оби нӯшокӣ аз соати 23-00-и 15 июли соли 2024 то соати 16-00-и 16 июли соли 2024 қатъ мегардад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз сокинони пойтахт хоҳиш менамояд, ки дар ин рӯз миқдори зарурии обро захира намоянд.

  АМИТ «Ховар»                                                                                                                                                                                                           АКС аз бойгонӣ