7- 8 август дар шаҳри Душанбе ҷаласаи XXI ҳакамони Озмуни байналмилалии «Санъати китоб»- и давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он китобҳои тозанашр низ ба намоиш гузошта шуданд. 

Иттилоъ дода шуд, ки озмун аз 10 номинатсия иборат буда, ноширон маҳсули корашонро вобаста ба он пешниҳод намудаанд.

Дар ҷаласа намояндагони ҷумҳуриҳои Беларус ва Қирғизистон ба таври маҷозӣ (онлайнӣ) иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» аз соли 2004 инҷониб бо ибтикори Шурои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашр, савдою тавзеҳи китоб ва умури ноширии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дастгирии Фонди байналмилалии ҳамкории гуманитарӣ бо иштироки ноширон ва намояндагони кишварҳои аъзо баргузор мегардад. Мақсади асосии озмун дарёфти лоиҳа ва дастовардҳои беҳтарин дар соҳаи табъу нашр ва тарғиби он дар доираи мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.

Соли 2018 Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб»-и давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он китоби «Донишномаи фарҳанги мардумии тоҷик», иборат аз 2 ҷилд дар радифи китобҳои Ҷумҳурии Беларус ва Федератсияи Русия сазовори «Шоҳҷоиза» гардида буд.