Дар Душанбе байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Разес Фарма» оид ба Лоиҳаи сохтмон ва истифодаи Маҷмааи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид. Баъди пурра ба кор даровардани ин корхона зиёда аз 200 ҷойи кори доимӣ фароҳам оварда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи ин санад, Маҷмааи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ ба маблағи умумии беш аз 70,0 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода мешавад. Татбиқи ин тарҳ ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ барои истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат дар самти саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ, таъмини маҳсулоти босифат ва рақобатпазир равона шудааст.
Масъалаи таъсиси иқтидори истеҳсолӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» дарҷ шудааст.