Масъалаи таҳкими ҳамкории Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо муассисаҳои такмили ихтисоси Ҷумҳурии Мардумии Чин 17 июл зимни вохӯрии  Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Тсзи Шумин мавриди баррасӣ қарор гирифт.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илм хабар доданд.

Мусоҳибон дар суҳбат масъалаи дарёфти роҳҳои нави тавсеаи ҳамкории ду давлатро дар соҳаи маориф мавриди таҳлилу баррасӣ  қарор доданд.  

Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки ҷиҳати табодули таҷрибаи пешқадами педагогии кормандони соҳаи маориф ва ҷалби ҷавонон ба муассисаҳои олии Ҷумҳурии Мардумии Чин  тадбирҳои зарурӣ  андешида мешаванд.

АМИТ «Ховар»                                                                                                                                   АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон