Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ,  дар баробари дигар корҳои созандагию ободонӣ, ҳамзамон дар самти ба танзим даровардани партовҳои сахти маишӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Ҳамин аст, ки дар давраи  2 соли охир дар кӯчаҳои асосӣ ва паскӯчаҳои шаҳр 150 қуттии муосир барои партовҷамъкунӣ гузошта  шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷоияи ҳокимияти шаҳр хабар доданд.

 Ба иттилои манбаъ,  дар заминаи лоиҳаи «Таҳкими устувор тавассути рушди ҳамгироии шаҳрӣ» давоми 2 соли охир дар 13 маҳаллаи шаҳри Хоруғ 15 партовгоҳи муосир бо 60 қуттии калон сохта ба истифода дода шуд.

Ҳамзамон барои сари вақти ҷамъоварӣ намудани партовҳо  як нақлиёти боркашонии «Дулан» харидорӣ карда шуд. Давоми нимсолаи дуюми соли равон сохтмони боз 5 партовгоҳи муосир дар назар буда, як нақлиёти дигари партовҷамъкунӣ низ харидорӣ гардида, ба Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хоруғ супорида мешавад.

АМИТ «Ховар»                                                                                                                              АКС: Мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ