13 июл дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар натиҷаи бориши зиёди борон сел омад, ки ин офати табиӣ боиси хисороти молию ҷонӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, 13 июли соли равон, соати 17:15 дар ҳудуди деҳаи Искодари Ҷамоати деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнии вилояти Суғд сел омад. Сел қитъаи боғи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳа ва манзилҳои истиқоматиро зери об монда, дар натиҷа як сокини 58-солаи ин деҳа ба ҳалокат расид.

Ҳамчунин, 13 июл, соати 17:10 дар ҳудуди деҳаи Пасрӯди Ҷамоати деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ омадани сел боиси баста шудани роҳи байнидеҳаҳо гардид. Ҳамин рӯз, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ, роҳ аз деҳаи Пинён то деҳаи Пасрӯди Ҷамоати деҳоти Фондарё пурра аз лойқа тоза гардида, ҳаракати нақлиёт барқарор шуд.

Боришоти шадид дар Ҷамоати деҳоти Косатарош, Шинг, Лоиқ Шералӣ ва Воруи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд низ дар ин рӯз боиси омадани сел гардид, ки дар натиҷаи он ба роҳҳои маҳаллӣ, заминҳои кишоварзӣ ва хатҳои барқ ​​осеб расид.

Илова бар ин, соати 18:20 бар асари боришоти шадид дар деҳаи Падроғи Ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд сел омад. Дар натиҷа сел 200 метр заҳбур, 50 гектар замини кишоварзӣ, 10 гектар замини картошка ва 200 метр роҳи маҳаллӣ зери об монд.

Бояд гуфт, ки барои расонидани ёрии амалӣ гурӯҳи корӣ иборат аз 15 нафар аз ҳисоби роҳбарони воҳидҳои наҷот, дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва Раёсати Кумита дар вилояти Суғд ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд. Барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар маҳалҳо комиссияҳои фавқулода фаъолият доранд.

Ёдовар мешавем, ки то 15 июли соли равон Дар мамлакат эҳтимоли сар задани сел, лағзиши сангреза, боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳо ва обанборҳо боқӣ мемонад.

Масъулини Кумита ба аҳолии дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ истиқоматкунанда, сокинон ва меҳмонони мамлакат тавсия медиҳад, ки дар ин рӯз аз сафар ба минтақаҳои хатар, ҷамъоварии ҳезум, хӯроки чорво, гиёҳҳои шифобахш ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд. Инчунин сайёҳоне, ки нақшаи сафар бо роҳҳои кӯҳӣ доранд, эҳтиёткор бошанд.

АМИТ «Ховар»                                                  АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон