Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардида, зимни он вазъи мактаб-интернатҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

Дар ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакони ятиму бепарастор ва имконияташон маҳдуд дар ҷумҳурӣ 61 мактаб-интернат, аз ҷумла 16 мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор, 19 мактаб-интернат барои кӯдакони имконияташон маҳдуд, 2 хонаи бачагон, 22 мактаб-интернати наздимактабӣ, 1 мактаби махсус барои кӯдакони душвортарбия, 1 мактаб-интернати хонандагони лаёқатманд бо фарогирии 7706 нафар (2508 духтар) фаъолият менамоянд.

Аз 61 мактаб-интернат 14 адади он дорои мақоми ҷумҳуриявӣ ва 47 мактаб-интернат дорои мақоми маҳаллӣ мебошанд.

Дар ҷаласа Вазири маориф ва илм оид ба фаъолияти мактаб-интернатҳои ҷумҳурӣ иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро соҳаи афзалиятнок эълон намуда, пайваста барои баланд бардоштани сифати таҳсил, зиёд намудани маоши омӯзгорон, бо техникаву технологияи муосир муҷаҳҳаз гардонидани муассисаҳои таълимӣ, тайёр намудани мутаххасисони соҳибтаҷриба ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохиливу ҳориҷӣ тамоми тадбирҳоро меандешанд. Ҳамзамон сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат ятимону бепарасторон ва нафарони ниёзмандро дастгиру пуштибон буда, барои онҳо шароити хуби таҳсилу кор фароҳам овардааст.

Дар идома таваҷҷуҳи ҳозирин ба масъалаҳои беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, иштироки бештари муҳассилини ин муассисаҳо дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистонгузаронӣ ва баргузории ҳар гуна машғулият барои ятимону бепарастон баъд аз дарс нигаронида шуд.

Иброз гардид, ки баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар ин муассисаҳо дар шароити замони муосир аз масъулин масъулияти боз ҳам бештар талаб менамояд.

АМИТ «Ховар»