7-9 ноябр дар шаҳри Душанбе Форуми минтақавӣ оид ба моддаҳои кимиёвӣ дар таркиби пластик ва машварати байналмилалӣ оид ба партовҳои пластикӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар кори форум ва машварат намояндагони котиботи Конвенсияи Базел, Роттердам ва Стокголм, намояндагони идораҳои муҳити зисти зиёда аз 20 давлат, мақомоти давлатӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, кишварҳои татбиқкунандаи лоиҳаи «Партовҳои пластикӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ ва дурдаст» ва мутахассисони хориҷӣ табодули афкор намуданд.
Вобаста ба ҳолати татбиқи лоиҳа, муҳимияти идоракунӣ ва коҳиш додани партовҳои пластикӣ ва моддаҳои кимиёвӣ дар таркиби пластик иштирокчиён рӯнамо манзур карданд.
Дар Тоҷикистон чунин форум маротибаи нахустин баргузор шуда, метавонад ба ҷалби сармоягузорӣ дар самти идоракунии партовҳои пластикӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат намояд.
khovar.tj/