7 октябр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкории илмӣ бо намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимли мулоқот намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, Қобилҷон Хушвахтзода оид ба фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд. Иброз гардид, ки Академияи миллии илмҳо муассисаи худмухтори илмӣ буда, дар самтҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ, тиббӣ ва ҷомеашиносӣ таҳқиқот мебарад ва мо омода ҳастем, ки бо намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон дар ҳама самтҳо ҳамкорӣ намоем.

Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аз вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки аз пешрафти илмҳои дақиқ, саноатикунонии Тоҷикистон бархурдор аст ва намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон омода аст дар оянда бо олимони соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва энергетика ҳамкории мутақобилан судманд намояд.

АМИТ «Ховар»