Ҳар сол дар ағбаи Кӯҳтезак, роҳи Лангар- Харгушии ноҳияи Ишкошим ва қисмати деҳаҳои Ғ. Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон фаромадани то 150 тарма сабт  мешавад. Дар ин хусус Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот 27 ноябр зимни ҷаласаи корӣ «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» иттилоъ дод.

Тавре дар   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷаласа пешниҳоди харитаи ҷобаҷогузории техника ва тасдиқи қоидаҳои ташкил ва истифодаи манбаъҳои захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъмини аҳолии вилоят бо неруи барқ дар фасли зимистон, таъмини муасисаҳои таълимии ҳудуди вилоят бо гармӣ, дастрасии аҳолии ҷамоатҳои дурдаст бо маводи озуқаворӣ ва маҳсулоти мавриди ниёзи аввал яке аз масъалаҳои муҳим дар давраи сармо мебошад. Инчунин назорати пурраи алоқаи мобилӣ ва ташкили алоқаи интернетиву мобилӣ дар деҳаҳои дурдаст, таъмини муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ бо қувваи барқ ва омодагии пурраи хоҷагии ҷангал дар ин давра аз масъалаҳои муҳим арзёбӣ гардиданд.

АМИТ «Ховар»