Харбуза маҳсулоти парҳезӣ буда, дар сад граммаш 30 ккал мавҷуд аст.

Таркиби харбуза мисли тарбуз тақрибан 90-92 дарсад аз об иборат аст.

Тибқи таҳлилҳо ҳар чорумин харбузаи ҷаҳон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин парвариш мешавад. 
Бояд гуфт, ки кишвари Чин дар истеҳсоли ин навъи маҳсулот яке аз пешсафон дар саросари ҷаҳон мебошад.

Аз нигоҳи тиббӣ истеъмоли мунтазами харбуза ба тоза кардани бадан аз партовҳо ва токсинҳо мусоидат мекунад.


Дилшод Алсамадов