Дастаи мунтахаби Тоҷикистон иборат аз панҷ нафар дар қатори 23 мамлакати дунё дар Олимпиадаи байналмилалии «ISPHO», ки аз 3 то 11 июли соли 2024 дар шаҳри Ханти-Мансийски Федератсияи Русия аз фанни физика баргузор шуд, иштирок намуда, сазовори 2 ҷойи сеюм гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бояд гуфт, ки ин дастоварди хонандагони тоҷик аз рақобатпазир будани низоми маорифи миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ гувоҳӣ медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи байналмилалии «ISPHO» олимпиадаи сатҳи баланд буда, ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Округи Мухтори Ханти-Мансийски-Югра ва Донишкадаи физика ва технологияи Москва баргузор карда мешавад.

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

АМИТ «Ховар»