МУФАССАЛ http://www.president.tj/node/31668
20 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Муассисаи томактабии “Офтобак”-ро ба истифода доданд.
Кӯдакистон дар деҳаи Ҷаврези деҳоти Абдӣ Авазов бунёд гардида, барои 320 кӯдак пешбинӣ шудааст. Иншоот 4 ошёна буда, дар он 19 нафар ба тарбиятгирандагон таълим медиҳанд.
Муасссисаи томактабӣ аз ҷониби ҶДММ “Комил 2010” сохта шуда, аз 24 ҳуҷраи машғулиятгузаронӣ, ошхона, толорҳои варзишию мусиқӣ, толор барои баргузории маҳфилҳои гуногун, ҳуҷраи тиббӣ, анбор барои нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.