Имрӯз, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и ноҳияи Сино маросими бошукӯҳи ифтитоҳи даври сеюм (шаҳрӣ)-и Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ шахсони расмӣ, аз ҷумла муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одилзода Дилбар Раҳим, сардори шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саъдизода Ҷаҳонгир, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур, мудирони шуъбаҳои маорифи пойтахт, ҳамчунин директорони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо иштирок намуда, ба хонандагон барору комёбиҳо орзу намуданд.

Чорабинӣ бо суханронии директори МД “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе” Султонзода Нигора Латиф оғоз ёфт. Ӯ таъкид кард, ки “Олимпиада барои нишон додани дониш ва малака имконияти хуб мебошад”. Ӯ ҳамчунин изҳори умедворӣ намуд, ки иштирокчиён ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳанд шуд. Сипас, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим дар баромади худ афзуд ки “Муҳим нест, ки имрӯз натиҷаи шумо чӣ гуна хоҳад буд. Муҳим он аст, ки шумо кӯшиш мекунед ва бо дониш ва малакаи худ барои расидан ба ҳадафҳо мубориза мебаред. Ба ҳар яки шумо муваффақият ва қадамҳои устувор дар роҳи расидан ба орзуҳои бузургатон таманно дорам”!

Бояд тазаккур дод, ки дар рӯзи аввал, 1048 хонанда аз чор ноҳияи шаҳри Душанбе дар Олимпиада иштирок доранд ва беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат хоҳанд гирифт.Ин рӯйдод нишондиҳандаи рушди истеъдодҳои наврасон ва ҷавонон буда, шаффоф ва одилона натиҷагирӣ карда мешавад.

www.facebook.com/