Дар Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат» ҳамасола дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи корӣ таҳия карда мешавад. Самти вазифагузориҳо ва ҳамкориҳо дар ин ҷода бештар инъикоси раванди татбиқи  “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ дар соҳаи илму маориф”, барномаҳои давлатии соҳавӣ, махсусан дар соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф ва геологияро ташкил медиҳад.

Дар ин замина нақшаи ҳамкориҳо бо институтҳои тадқиқотии илмии соҳавии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон тартиб дода шудааст, ки беш аз 200 мавзӯи илмҳои бунёдӣ ва амалиро дар бар мегирад.

Дар баробари ин, силсилафилмҳои мустанади телевизионӣ оид ба лоиҳаҳои илмии истеҳсоли маҳсулоти нодири саноатии пектин, фосфор, ҷудокунии қабатҳои атомӣ аз маводди фаъоли биологӣ, тадқиқотҳои илмии соҳаҳои астрофизика, химия, биология таҳия ва пешниҳод карда шуданд.

Дар ҳамкорӣ бо Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ масъалаҳои таълифи асари 12 ҷилдаи “Таърих ва ташаккули тоҷикон” бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, экспедитсияҳои илмӣ бо иштироки 10 кишвари хориҷӣ вобаста ба пажӯҳиши раванди ташаккули давраи қадими тоҷикон, ки дар мавзеи Ховалинг мавриди пажӯҳиш қарор додаанд, инъикос карда мешавад.

Ҳамкориҳои муассиса бо ниҳодҳои илмии мамлакат дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Махсусан, мавзуъҳои иқлиму табиатшиносӣ, гидроэнергетика, гидрология, пешгирӣ аз бемории фарбеҳӣ, диабети қанд, нашаъмандӣ,  оризаҳои мавсимӣ, аз ҳисоби растаниҳои шифобахш ба роҳ мондани муолиҷаи он ба таври доимӣ дар ҳамкорӣ бо Институтҳои гастроэнтрология, тибби профилоктикӣ, Модар ва ғизо, санитарию эпидемиологӣ ва дигар марказҳои илмӣ  пайгирӣ карда мешавад. Ҳамзамон оид ба кишти зироат, коркарди он, истифодаи заминҳои лалмию кӯҳдоман ва бо роҳҳои инноватсионӣ гирифтани то се ҳосил, захираи маҳсулот барои ду сол бо институтҳои агрохимия ва хокшиносӣ, зироаткорӣ, тибби ветеринарӣ, Комиссияи давлатии навъсанҷӣ ва иқтисодиёти кишоварзӣ ҳамкории зич ба роҳ монда шуда, пайваста гузоришу барномаҳо таҳия карда мешавад.

Дар ҳамкорӣ бо Маркази синошиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти астрофизика ва Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ филмҳои телевизионии ҳар кадом иборат аз се қисм дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти шахсиятҳои бузурги миллат — Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Закариёи Розӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ,  Бобоҷон Ғафуров, Саймуҳаммад Одинаев ва рушди илми риёзии тоҷик дар мисоли Насриддини Тӯсӣ, Абулвафо ва аз муҳаққиқони муосири соҳа академик Мамадшо Илолов таҳия карда шуд.

Аз силсилаи асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон силсилабарномаи “Чеҳраҳои мондагор” иборат аз 30 қисм таҳия ва ба таври доимӣ пешниҳод карда мешаванд.

Дар ҳошияи Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо-2025, Раванди оби Душанбе, Конфронси ҷаҳонии об дар ҳамкорӣ бо Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Агентии обуҳавошиносӣ, Маркази омӯзиши пиряхҳо ва Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология силсилабарнома ва филмҳо таҳия карда шуда, ҳамчунин муассиса пайваста экспедитсияҳои илмӣ ба ҳавзаи дарё ва пиряхҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва водиҳои Рашту Зарафшонро ташкил менамояд. Имсол низ таҳияи чунин экспедитсияҳои муштарак ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамкориҳои Муассиса бо Вазорати маориф ва илм ва муассисаҳои таҳсилоти олию касбӣ хуб ба роҳ монда шуда, самараи ин ҳамкориҳо дар баробари инъикоси чорабиниҳои онҳо тариқи барномаи иттилоотии “Хабар”, инчунин таҳияи силсилабарномаҳои телевизионии таълимии “Ҷилои дониш” мебошад. Оид ба раванди татбиқи барномаҳои давлатии рушди соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ бошад, бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсусмуҳофизатшаванда дар бораи табиати зебои мамлакат, махсусан Парки миллии Тоҷикистон филми телевизионӣ иборат аз 6 қисм, “Бешаи палангон”-2 қисм, “Даштиҷум”-2 қисм, Ховалинг, Муъминобод, Балҷувон, Ромит, Яғноб, Ширкент, Арҷинак ва силсилаи “Накҳати гули лола” аз шаҳри Душанбе  таҳия гардиданд.

Дар Муассиса бо дастгириҳои роҳабрияти Кумитаи телевизион ва радио ва дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” барои такмили ихтисоси  кормандон пайваста чораҳо андешида шуда, ҳамасола то 20 нафар дар машғулиятҳои тахассусии Академияи воситаҳои ахбори омма ба бозомузӣ фаро гирифта мешаванд. Дар соли 2024 4 корманди муассиса дар машғулиятҳои “Ҳифзи иттилоот ва амнияти иттилоотӣ дар ВАО”, “Асосҳои журналистикаи телевизион ва радио” ва “Маҳорати коргардонӣ дар телевизион” сатҳи касбии худро беҳтар намуданд.

Ҳамчунин ҷиҳати табодули таҷриба бо шабакаҳои телевизионии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳо хуб ба роҳ монда шудааст. Дар баробари ин, 10 корманди муассиса ба курсҳои дарозмуддати забономӯзӣ фаро гирифта шудаанд, ки барои пешбурди фаъолияти муассиса дар масъалаи тарҷума ва дубляжи филмҳо мусоидат мекунад.

 

Саймукарам ШАРИФЗОДА,

директори Муассисаи давлатии

телевизиони «Илм ва табиат»