Имрӯз бо иштироки масъулини Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва ҳайати эҷодиву техникии Муассисаи давлатии ТВ “Илм ва табиат” ҷаласаи ҷамъбасти доир ба фаъолияти 9 — моҳаи ТВ «Илм ва табиат» баргузор гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳайати эҷодиву техникии Телевизиони “Илм ва табиат” дар давоми нуҳ моҳи соли 2025 фаъолияти самаранок нишон дода, як қатор корҳои муҳимро амалӣ намудаанд. Дар ин давра кормандони шабака тавонистанд тамоми рӯйдодҳои муҳими илми ва табииро бо диди таҳлилӣ инъикос намоянд.
Тибқи маълумот, барномаҳои махсус дар мавзӯъҳои гуногун таҳия ва пахш гардида, ҳайати эҷодӣ бо истифода аз техникаҳои муосир наворҳои саҳроӣ, мусоҳибаҳо бо олимон, муҳаққиқон ва донишҷӯёнро омода намуданд, ки дар эфир пахш гардидаанд.
Ҳамзамон, ҳайати эҷодии телевизион дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ чанд лоиҳаи муштаракро роҳандозӣ намуда, саҳми арзанда дар тарғиби дастовардҳои олимони тоҷик гузоштаанд.
Ҳаминтавр доир ба фаъолияти ҳамаи самтҳои ТВ “Илм ва табиат” бо мисолҳои мушаххас маълумот ироа гардид. Роҳбарият ва кормандони муассиса назди худ мақсад гузоштаанд, ки минбаъд низ маводи телевизиониро дар сатҳи касбӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир омода ва пешниҳод менамоянд.










