То 28 август кишоварзони вилояти Хатлон 1 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Имсол аввалин шуда, ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритус ба ҷамъоварии пахта оғоз намуданд. Пахтакорони ноҳияҳои дигари ҷанубии ҷумҳурӣ низ ҳоло ба чиниши пахта шуруъ кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки имсол кишоварзони вилояти Хатлон дар 120,7 ҳазор гектар навъҳои гуногуни чигит кишт намудаанд, ки дар айни замон майдонҳои пахтазор хуб нашъунамо ёфта, дар давраи ҳосилбандӣ қарор доранд.

Ҳосили биологии пахта қаноатбахш арзёбӣ гардида, дар баъзе ноҳияҳо ҳосили зинаи якуми пахта барои ҷамъоварӣ омода шудааст.

АМИТ «Ховар»