Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо  ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи Стандартҳои миллии экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ (ESG) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, роҳбарият, намояндагӣ ва коршиносони Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар»  дар  Вазорати рушди иқтисод ва савдои   Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ  доданд.

Дар ҷаласа лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стандартҳои миллии экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мурарифӣ гардид.

Гуфта шуд, ки Лоиҳаи Стандартҳои миллии экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ якҷо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳия гардидааст.

Иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои шарҳи муфассали Стандартҳои байналмилалии мавҷудаи ESG ва таҷрибаи давлатҳои  ҷаҳон дар ҷоринамоии он, тартиби роҳандозӣ ва риояи Стандартҳои миллии экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ аз ҷониби ташкилотҳои аҳамияти калони ҷамъиятидошта дар Тоҷикистон, расонидани мусоидати иттилотию методологии вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ташкилотҳое, ки Стандарти мазкур нисбат ба  онҳо татбиқ мегардад, баррасӣ намуданд.

Намояндагони Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ва коршиносон вобаста ба таҷрибаи байналмилалӣ дар ин самт, иброз доштанд, ки дар давраи минбаъда барои баргузории машвартҳо барои ташкилоту корхонаҳои дар Тоҷикистон фаъолияткунанда, ки Стандартҳо нисбат ба  онҳо татбиқ мешаванд, мусоидат менамоянд.

Намояндагони вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи Стандарти ESG-ро дар маҷмӯъ қобили дастгирӣ ва саривақтӣ ҳисобида, омодагии худро барои ҳамкорӣ иброз намуданд.

  АМИТ «Ховар»                                                                                                                      АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон