«Соли 2028 дар Тоҷикистон Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об баргузор мегардад»,- иброз намуд муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо Маҷмаи Умумӣ ва мудирияти конфронсҳо Мовсес Абелян имрӯз дар Душанбе пас аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ба андешаи ӯ, дар мулоқот масоили марбут ба конфронсҳои дарпешистодаи сатҳи олӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла баргузории конфронси сатҳи баланд дар соли 2028, ки бузургтарин конфронси фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хоҳад буд, баррасӣ шуд.

«Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об дар соли 2028 дар Тоҷикистон бо рӯйдодҳои сатҳи олӣ, ки ҳамасола  моҳи сентябр бо иштироки ҳайатҳои баландпояи кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар Ню Йорк баргузор мешаванд, қобили муқоиса мебошад», — гуфт муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо Маҷмаи Умумӣ ва мудирияти конфронсҳо.

Мовсес Абелян таъкид намуд, ки дар ҷараёни ин сафар ҳамчунин доир ба масъалаҳои ташкили конфронс бо вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон гуфтугӯҳои муфассал доир мешаванд.

Бояд иброз намуд, ки дар чорчӯби Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об дар соли 2028 дар Тоҷикистон масъалаҳои ниҳоии ҳамаҷонибаи иҷрои ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор,  солҳои 2018-2028» баррасӣ мешаванд.

АМИТ «Ховар»                                                                                                                                                                                 АКС: АМИТ «Ховар»