Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо директори минтақавии Бонки исломии рушд дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ вохӯрӣ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки вохӯрии имрӯза дар таҳкими ҳамкорӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд нақши муҳим хоҳад гузошт.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки ҳамкорӣ дар доираи татбиқи лоиҳаҳои «Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳо», «Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP)», «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва марҳилаи дуюми лоиҳаи «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф» барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар соҳаи маориф равона гардидааст.
Иброҳим Шукрӣ гуфт, ки вусъати ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм дар оянда ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд. Иброз гардид, ки яке аз паҳлуҳои асосии ҳамкории ҷонибҳо лоиҳаи «Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳо» аз 4 сентябри соли 1999 мавриди амал қарор гирифта, то кунун дар се марҳилаи лоиҳа корҳои зиёде ба анҷом расидааст.
Мавриди тазаккур аст, ки дар вохӯрӣ масъалаҳои зиёде, аз ҷумла сохтмони муассисаҳои таълимӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногуни соҳа, ҷалб ва омӯзиши мутахассисони самти илмҳои техникӣ, таъмини базаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баргузории семинарҳои омӯзишӣ, баланд бардоштани малакаю маҳорати касбии ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа, инчунин омода намудани мутахассисони варзида мавриди баррасӣ қарор дода шуд.