Дар пиряхҳои болооби ҳавзаи дарёи Зарафшон мушоҳидаҳои аэровизуалӣ ва корҳои тадқиқотӣ-саҳроӣ гузаронида шуданд, ки зимни онҳо мутахассисони соҳавӣ, аз ҷумла раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Баҳодур Шерализода ва директори Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон Абдулло Қурбонзода иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мушоҳидаҳои аэровизуалӣ ва корҳои тадқиқотӣ-саҳроӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ташаббуси панҷуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Агентии обуҳавошиносии мамлакат гузаронида шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳамасола дар мавсимҳои сол ҷиҳати муайян намудани захираи барф ва ҳолати пиряхҳои мамлакат корҳои тадқиқотӣ-омӯзишӣ, экспедитсияҳо ва мушоҳидаҳои аэровизуалӣ гузаронида мешаванд.
Мутахассисони соҳавӣ ҷиҳати муайян намудани ҳолати кунунии пиряхҳои болооби ҳавзаи дарёи Зарафшон дар болои пиряхи ин мавзеъ мушоҳидаҳои аэровизуалӣ гузаронида, дар забонаи пирях бо истифода аз таҷҳизоти соҳавӣ корҳои амалӣ ва тадқиқотӣ анҷом дода, ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд.