Аз 7 то 9 апрел дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар доираи Барномаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (CAREC)» ҷаласаи 6-уми гурӯҳи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа намояндагони 10 давлат-  Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Муғулистон, Покистон ва Чин иштирок намуда, доир ба ҳамкории минтақавии иқтисодӣ ва таъмини бехатарӣ дар самти тандурустӣ мубодилаи афкор намуданд.

Зимни ҷаласа таҷрибаи давлатҳои иштирокчӣ оид ба чорабиниҳо ва ташаббусҳо дар самти пешгирӣ ва кам намудани таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба саломатии аҳолӣ баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар»