16 август дар рӯзи дуюми сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази ноҳияи Ванҷ ташриф оварданд.
Дар ноҳияи Ванҷ нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бинои навбунёди хуштарҳу замонавии Кӯдакистони рақами 1-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои муосири муассисаи томактабӣ аз 3 ошёна иборат буда, барои 200 кӯдак пешбинӣ гардидааст.
Дар муассисаи томактабӣ кӯдакон дар 8 гурӯҳ ба таълим фаро гирифта мешаванд.
Кӯдакистон дорои синфхонаҳои барҳаво барои машғулият, ҳуҷраҳои хобу истироҳати кӯдакон, нуқтаи дастшуӣ, толори мусиқӣ, ошхона, ҳуҷраҳои корӣ барои маъмурият ва кормандон, нуқтаи тиббӣ, анбор барои нигаҳдории маҳсулоти хӯрока ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.