То 10 август ҳаво дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шабона 20+25 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. 

Бино ба иттилои манбаъ, давоми се рӯзи дигар дар тамоми минтақаи мамлакат ҳарорати баланд дар назар аст. То нимаи моҳ низ гармӣ то 39 дараҷа боқӣ монда, эҳтимол аз нимаи дуюми моҳ ҳарорат дар мамлакат паст гардад.

Давоми моҳи август дар вилояти Хатлон то 37 дараҷа, Суғд то 35 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то 35 дараҷа гарм мешавад.

Ба гуфти Ҷамила Байдуллоева, то 15 август дар ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон, аз ҷумла дар ноҳияи Шаҳритус ҷангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар ин рӯзҳо то 43 дараҷа гарм мешавад.

8-9 август бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар баъзе минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест.

АМИТ «Ховар»