Имрӯз дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати олимону зиёиёни Қазоқистон  таҳти роҳбарии президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон Ахилбек Куришбаев ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф овард.

Меҳмонон бо намоишгоҳи дастовардҳои муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шинос шуда, барои рушди ҳамкории илмӣ дар зинаҳои гуногун андешаҳояшонро баён доштанд.

Сипас президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон Ахилбек Куришбаев  мулоқот намуд.

Дар мулоқот Қобилҷон Хушвахтзода доир ба рушди дурнамои ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон ибрози андеша намуд.

Таъкид шуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун муассисаи бонуфузи илмӣ ҳамеша омода аст, ки  дар шароити муосир ҳамкориро бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон рушду густариш диҳад.

АМИТ «Ховар»