Паҳлавони тоҷик Муллораҷаб Халифаев дар вазни 65 кг дар даври ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ ба Абрек Нагучев  аз Федератсияи Русия пирӯз шуда, медали тиллои чемпионатро ба даст овард.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ оғоз гардида, то 31 август давом мекунад.

Дар чемпионат зиёда аз 200 варзишгар аз 63 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд. Паҳлавонон дар 9 вазн — 3 вазн байни занон ва 6 вазн байни мардон бо ҳам рақобат мекунанд.

Фонди ҷоизавии чемпионат 400 ҳазор доллари ИМА аст. Дар ҳамаи вазнҳо ба ғолибони ҷойи якум 20 000 доллар, барандагони медали нуқра – 10 000 ва медали биринҷӣ 5 000 доллари ИМА тақдим мешавад.

Инчунин дастаҳое, ки аз ҳисоби медалҳо се ҷои аввалро мегиранд, мутаносибан бо 5 000, 3 000 ва 2 000 доллари ИМА сарфароз гардонида мешаванд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»