Муштзани соҳибноми тоҷик Давлат Болтаев (-92 кг) дар марҳилаи нимниҳоии Бозиҳои олимпии Париж -2024 бо Лазизбек Муллоҷонов нерӯсанҷӣ мекунад.
Рақиби муштзани мо Муллоҷонов 25 сол дошта, зери роҳнамоии Алишер Тӯйчиев тамрин мекунад. Лазизбек барандаи нишони биринҷии Чемпионати ҷаҳон дар соли 2023 буда, дар якумин мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Италия роҳхати Бозиҳои олимпии Париж -2024-ро соҳиб шуда буд.
Дар ин рақобати сахту сангин ба Давлат Болтаев муваффақият таманно мекунем!
Тоҷикистон ба пеш!!! 
@paris2024