Ҳизби мо ба сифати неруи муқтадири сиёсии кишвар барои амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрўз талош меварзад. Эмомалӣ Раҳмон Воқеияти таърхии гузашти марҳилаҳои на чандон дури замони соҳибистиқлолӣ собит намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давраи сарнавиштсоз ба кори худ шурўъ карда, аз рўзҳои аввали таъсисёбиаш барои устувориву пойдории сулҳ ва ободии Ватан кўшиш ба харҷ дода, ҳадафи аслиаш таъмини ояндаи нек ва рушди устувори соҳаҳои муҳимми хоҷагии халқ мебошад. Давоми 30 соли фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар саросари ҷумҳурӣ дигаргуниҳои бузург ба амал омадаанд, ки онҳо далели ҳизби давлатсоз ва созандаю ободкор будани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давраи таърихи навини халқамон маҳсуб меёбад. Се даҳсолаи сипаригашта собит намуд, ки элитаи сиёсӣ дар симои роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи тоҷик ягонагии устувори худро дар бобати амалӣ сохтани мақсадҳои оинномавии худ нишон дод. Барои мусоидат ба таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, рушди самтҳои муҳими иқтисодиёту иҷтимоиёт, маорифу фарҳанг, тандурустӣ ва тарғиби афкори миллии иҷтимоӣ корҳои назаррас ба анҷом расиданд. Дар саргаҳи амалӣ намудани ҳадафҳои созанда ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши меҳварӣ дорад. Бахусус густариш ёфтани сатҳи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандўстии мардум, болоравии маърифати сиёсиву ҳуқуқии сокинони мамлакат, хусусан наврасону ҷавонон, тақвият бахшидани эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва ба корҳои созандагӣ ҷалб намудани сокинони ҷумҳурӣ аз ширинтарин меваҳои истиқлол аст. Дар ин давра даҳҳо муассисаи таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ таъсис ёфта, пояҳои моддӣ-техникии онҳо таҳким ва тақвият дода шуд. Сохта ба истифода дода шудани садҳо бинои мактабу муассисаҳои томактабӣ далели пурра ба таълиму тарбия фаро гирифтани кўдакону наврасон ва ҷавонони мамлакат мебошад. Дар ин замина, қайд намудан ба маврид аст, ки ҳоло рушди тамоми соҳаи ҳаёти давлат ва ҷомеаро бидуни иштироки фаъолона ва саҳми арзишманди ҷавонон тасаввур кардан имкон надорад. Агар то соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ қариб ҳазор иншооти варзишӣ фаъолият дошта бошад, пас то имрўз шумораи онҳо ба 10 220 расонида шуд. Яъне, теъдоди иншооти варзишӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ беш аз нуҳ баробар зиёд гардидааст. Ин аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шарофати пирўзиҳои варзишгарони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ 5743 маротиба Парчами Тоҷикистон афрохта шуда, 1797 маротиба Суруди миллии давлати тоҷикон садо додааст. Татбиқи сиёсати «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» барои тараққиёти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон дар самти хоҷагии қишлоқ, саноат, бунёди роҳҳои нави ҷавобгў ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ хеле созгору муфид мебошад. Ба истеҳсоли меваю сабзавот ва коркарди он дар корхонаҳои хурду калони маҳаллӣ таваҷҷуҳ бештар равона шудааст. Таъсиси корхонаҳои хурд, миёна ва калони саноатӣ ба пешрафти иқтисодиёти мамлакат мусоидат намуда, барои паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум шароит фароҳам овардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши сайёҳиро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст. Сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои таъминкунандаи рушди иқтисоди кишвар маҳсуб шуда, бо мақсади рушду тавсеаи ин соҳа ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олӣ соли 2018 – ро ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва баъдан бо назардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот солҳои 2019-2021 –ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карданд.

Роҳандозии чунин тадбирҳо барои ободу зебо гардидани деҳоти мамлакат, хусусан қисмати кўҳистони он ва беҳтар шудани дараҷаи зиндагию некуаҳволии мардум равона шудааст. То имрўз дар кишвар зиёда аз 200 ширкати сайёҳӣ фаъолият дошта, 15 лоиҳаи инфрасохтори сайёҳӣ аз имтиёзҳои пешбинишуда бархурдор гардидааст. Сохтмони биноҳои муҳташами маъмурию истиқоматӣ, марказҳои фароғатӣ ва маишатӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кўлоб, Хоруғ ва дигар шаҳру навоҳии мамлакат ҳусни тозае ба симои онҳо зам намудааст. Тарҳи биноҳо дар гузаштаи начандон дур қолабию якранг ва дилбазану дилгир буд. Тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар шаҳру марказҳои маъмурии ҷумҳурӣ ба ҳадде рў ба тараққӣ овардаанд, ки воқеан, гулистони бошукўҳеро мемонанд ва бинандаро мафтун намуда, қалби меҳмононро тасхир месозад. Дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ, ки дар рушди он саҳми ҲХДТ муҳим арзёбӣ мешавад, асоситарини онҳоро аз чунин омилҳо арзёбӣ кардан мумкин аст: 1. Дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ба узвияти комилҳуқуқи СММ пазируфтану ташаббусҳои он; 2. Бунёди давлати миллӣ дар даврони муосир ва ташаккули мактаби давлатдории миллии Пешвои миллат дар самти эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ; 3. Татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва инчунин ноил гардидан ба унсурҳои асосии ҳадафҳо; 4. Эҳёи расму оин ва фарҳанги миллии тоҷикон, ба ҳайси забони давлатӣ эътибори воқеӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ, муаррифии мероси адабӣ, таърихӣ ва фарҳангии ҳалқи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, бузургдошти доимии чеҳраҳои мондагор ва фарзандони баруманди миллат ва таърихи қадимаи миллати тоҷик дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ; 5. Ба Феҳристи Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ворид намудани Саразм (соли 2010), Боғи миллии Тоҷикистон (соли 2013), ба Рўйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил гардидани «Шашмақом» (соли 2008), мақоми байналмилалӣ пайдо намудани ҷашни Наврўз (соли 2010), “Оши палав” (2016) ва “Чакан” (соли 2018), бо қарорҳои ЮНЕСКО арҷгузорӣ намудани як қатор шахсиятҳои фарҳангии тоҷикон; 6. Ба тамоми оилаҳои кишвар дастрас намудани китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Қуръон” тарҷума ба забони тоҷикӣ, гиромидошти Имоми Аъзам; 7. Дигаргун сохтани симои пойтахти кишвар, сохтмони нақб, пул ва роҳҳои бузурги автомобилгарду роҳи оҳан дар саросари кишвар ва ба як давлати пешрафтаи ҷаҳон ва минтақа табдил намудани Тоҷикистон; 8. Расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва бунёди даҳҳо НОБ-и хурду миёна, инчунин таъмиру азнавсозии нерўгоҳҳои Нораку Қайроқум ва ба фаъолият шуруъ намудани Неругоҳи обии барқии “Роғун”; 9. Афзун намудани беш аз 50 маротиба Маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон, қариб 97 маротиба афзудани даромадҳои буҷети давлатии ҷумҳурӣ ва 96 маротиба афзудани хароҷоти он дар айёми соҳибистиқлолӣ; 10. Аз 358 корхонаи саноатӣ дар соли 1991 тахминан ба 2500 адад расонидани онҳо, инчунин паст намудани шиддати бекорӣ ва тавлиди истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири миллӣ дар бозори ҷаҳон ва минтақа; 11. Таҷдиди сохтори 728 хоҷагии кишоварзӣ, таъсиси беш аз 6 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ, инчунин ҷудо намудани 75 ҳазор гектар замин барои хоҷагиҳои ёрирасон; 12. Бунёди зиёда аз 3 ҳазор иншооти соҳаи маориф бо фароҳамсозии 645 ҳазор ҷойи нишасти хонандагону донишҷўён, инчунин афзун намудани теъдоди донишгоҳу донишкадаҳо дар саросари кишвар; Барои амалӣ гардидани чунин хидматҳои беназири Пешвои муаззами миллатамон тамоми ҷавонони мо бояд саъю кўшиши худро барои боз ҳам баланд бардоштани донишҳои илмию-амалӣ, тақвият бахшидани фарҳанги миллӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, зиракии сиёсӣ, инчунин дастгириҳои пайвастаи ташабусҳои созанда дар тамоми чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ равона намоянд.

Воқеан ҳам, дар тули 33 соли соҳибистиқлолӣ ва 30 соли ҲХДТ шоҳид гардидем, ки фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбар ва сиёсатмадори барҷаста дар раванди таърихии тақдири мамлакат нақши ҳалкунандаро ба иҷро расонидаанд. Имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз чун кишвари пешрафта ва ташаббускор дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ гардидаву дар сархати кишварҳои амнтарини дунё қарор дорад, ки ин ҳама натиҷаи заҳматҳои фидокоронаи Президенти маҳбуби кишвар Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Давлатзода Олиҳа Муҳаббат,

узви ҲХДТ, мудири Шуъбаи мухбирони минтақавии МД ТВ “Илм ва табиат”