(15.11.2023) Донишҷӯйи курси сеюми факултети ҳуқуқшиносии Донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шукрона Тоҳирӣ соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гардид. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Шоҳҷоиза ба Шукрона Тоҳирӣ имрӯз зимни маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии пойтахт тақдим шуд. Онро ба ғолиби озмун муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён супорид.
Тибқи Низомномаи озмун, ғолиби мутлақ дар байни ғолибони ҳамаи номинатсияҳо бо баргузории озмуни алоҳида интихоб мегардад ва номи шахси пирӯз аз ҳама охир зимни маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон эълон мешавад.
Шукрона Тоҳирӣ дар Озмун аз рӯйи номинтасияи адабиёти муосир дар даври ҷумҳуриявӣ ҷойи аввалро касб намуда, соҳиби 70 ҳазор сомонӣ гардид.
Хотиррасон мешавем, ки соли 2022 дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» хонандаи синфи 10-и МТМУ 8-и ноҳияи Данғара сазовори «Шоҳҷоиза» дониста шуда, соҳиби 70 ҳазор сомонӣ шуда буд.