Теъдоди нафароне, ки аз 1 июл то 17 август дар минтақаҳои гуногуни Покистон бар асари боришоти шадид ҳалок шудаанд, ба 195 нафар расид, ҳамзамон 362 нафари дигар захмӣ шудаанд. 

Тавре рӯзи якшанбе рӯзномаи The Express Tribune бо истинод ба гузориши Раёсати миллӣ оид ба идоракунии офатҳои табиӣ хабар додааст, дар 24 соати охир 7 нафар ҳалок гардид. Вилояте, ки аз обхезӣ зарари бештар дидааст, Панҷоб мебошад.

Аз 1 июл то имрӯз 2 293 иншооти ғайриманқул хароб шудааст, ки барқарор кардани 734 адади он имконнопазир аст. Обхезӣ зиёда аз 44 километр роҳ ва 30 пулро хароб кардааст.

19 август дар минтақаҳои гуногуни Покистон бориши шадид дар назар аст, ки он метавонад дар ноҳияҳои поёноби Исломобод, Равалпиндӣ, Гуҷранвала, Лоҳур, Шайхупура, Касур, Сиалкот, Саргодҳа, Файсалобод ва Пешовар сабаби обхезӣ гардад.

АМИТ «Ховар»