Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар мавзуи «Бақайдгирии ихтироот тавассути низоми Шартнома оид ба ҳамкории патентӣ» бо фарогирии коршиносони муассиса, ихтироъкорони фаъоли мамлакат ва намояндагони Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ машғулияти омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази миллии патенту иттилоот хабар доданд.

Мақсад аз баргузории машғулият- иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» буд. Инчунин баргузории машғулият ба раванди тақвият бахшидани рушди соҳаи моликияти зеҳнии мамлакат ва табодули таҷриба байни коршиносони Идораи патентии Тоҷикистон ва коршиносони хориҷӣ заминаи мусоид мегузорад.

Машғулият аз қисматҳои омӯзишӣ ва таҷрибавӣ иборат буда, дар раванди он коршиносон ва ихтироъкорон бо коршинсони хориҷӣ табодули афкор намуданд.

АМИТ «Ховар»