Имрӯз Раиси Маҷлиси Милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар 23-юмин Бозиҳои Олимпӣ дар шаҳри Париж иштирок мекунанд, вохӯрӣ анҷом доданд. Муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба ҳайати дастаи мунтахаб барору муваффақият таманно намуда, изҳори боварӣ намуданд, ки варзишгарони мо аз Париж бо медалҳо бармегарданд.

@RustamEmomali