Мардуми шарифи тоҷик дар ҳама давру замон ба мероси гаронбаҳои гузаштаи худ арҷ гузошта, дар хотираи таърихии хеш корнамоиву қаҳрамонии фарзандони давлатсозу ватандӯст, далеру ғаюр ва фарҳангсолору адабпарваро ҳифз намуда, дар осори хаттиву шифоҳӣ симои барҷаставу тобноки онҳоро ситоиш менамояд.

Эмомалӣ РАҲМОН

Осори илмӣ ва таърихии миллати тоҷик ҳамчун намунаи барҷастаи дастовардҳои инсоният эътироф гардида, бо мазмуну муҳтаво ва арзиши илмӣ дар миёни оламиён ҷоёгоҳи хосса дорад. Суханони Пешвои миллат баҳри устувору пойдор мондани таъриху тамаддуни гузаштаи мо, баҳри рушду равнақ ёфтани фарҳанги тоҷикон дар ҷаҳон, моро ба он водор месозад, ки аз таърихи гузаштаи олимон ва мутафакирони худ бархурдор бошем. Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки саҳми олимони тоҷик дар рушду нумуи илмҳои дақиқ хеле арзанда мебошад. Ба мисли Ал-Хоразмӣ, Фарғонӣ ва Ҳомиди Хуҷандиву Хозинӣ ва дигар олимони гузашта. Пешрафти ҷомеа аз мавҷудияти илмҳои гуногун дар замони муосир гувоҳӣ медиҳад, ки илмҳое ҳам ҳастанд, ки кӯдакону ҷавонону калонсолон аз онҳо баҳра мегиранд. Онҳо дар зиндагӣ истифодаашон менамоянд. Яке аз илмҳои маъмулу барои ҳамагон зарур, албатта илмҳои дақиқ ба ҳисоб мераванд. Устодони мо хуб гуфтаанд, ки дар ҷангал шер шоҳ аст, аммо шоҳи фанҳо ин риёзӣ аст. Ман дар асоси сарчашмаҳои дарёфтнамудаи таърихӣ ва маълумотҳои илмӣ ба хонандагон мехоҳам симои тоҷиконро бори дигар муаррифӣ карда, наслҳои наву созандаи миллатро каме ҳам бошад, аз осори гузаштаи халқамон шинос намоям. Идомаи матлаби ман хонандаро ба якчанд олимон ва кашфиётҳояшон ошно месозад. Яъне оё медонед, ки…

  1. Барои аввал дар ҷаҳон сисилаи ҳисоби шастӣ, усулҳои махсуси аз таҳти решаҳои квадратӣ ва кубӣ баровардани ададҳо ва чандин теоремаҳои тригонометрии росхата ва доиравӣ аз тарафи фарзанди тоҷик Кушиёри Гелонӣ исботу маълум ва кашф шудааст.
  2. Бамиёноварандаи мафҳуми илмии суръат ва афзоиши он Абулбаракоти Бағдодист.
  3. Усули содатарини аз решаҳои квадратӣ ва кубӣ баровардани ададро, ки ба исми П.Руфини (1804) ва У.Горнер (1819) дар Аврупо маъруф аст, асоси онро 800 сол пеш аз онҳо Абулҳасани Насавии тоҷик (1030) гузаштааст.
  4. Дар ҷаҳон бори аввал муодилаи кубӣ навъи х+а=сх-ро бо ёрии буришҳои конуси Абуҷафъари Хозинӣ (вафот 971) ҳал кардааст.
  5. Авалин маротиба дар илми тригонометрия Хомиди Хуҷандӣ (вафот 1000) собит кард, ки аз маҷмуъи ду адади мукааъаб ҳосил намешавад.
  6. Ихтирои хатти котеъ (sec)-ро ки аз Коперник эълом доштаанд, аслан ихтирои Абулвафост.
  7. Дар илми Алгебра аввалин маротиба мафҳуми “адади манфӣ”-ро Алии Кушчӣ (тав. 1402) ворид кард.
  8. Насриддини Тусӣ тригонометрияро ба илми мустақил табдил дод.
  9. Рақами сифр ихтирои Муҳаммад ал-Хоразмист.
  10. Чобир Батони тоҷик (ваф. 929) дар ҷаҳон авалин шуда “феълан асоси илми тригонометрияро гузоштааст”.
  11. Авалин донишманде, ки дар ҷаҳон хамии мадори офтоб (кривизни эклптикӣ)-ро муайян кард, Ал-Фарғонии тоҷик (ваф. 861) буд.
  12. Ихтироъ ва ҷорӣ шудани силсилаи ҳисоби даҳиро дар математика ба Абурайҳони Берунӣ нисбат доданд ва низ гуфтаанд, ки он ихтирои Ҷамшеди Кошонист.
  13. Маҳфуми тангенс, котангенс ва косеканси тригонометрия ихтирои Абулвафост.
  14. Дар ҷаҳон аввалин маротиба Берунӣ тригонометрияи куравиро ҳамчун илм ба низом даровард.

Имрӯз дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо рӯ овардан ба таърих ва арзишҳои миллӣ ба хотири нигоҳдошти анъанаву суннатҳои неки ниёгон ва ҳифзи истиқлоли сиёсиву илмӣ аҳамияти басо муҳим пайдо кардааст. Аз ин лиҳоз, корномаи таърихиву илмии тоҷиконро метавон беҳтарин дастовардҳои илмию амалӣ дар таърихи тамаддуни мардумони ҷаҳон номид ва ба он арҷ гузошт. Мо-мардуми тоҷик бо мероси бузурги илмии гузаштагони худ ифтихор дорем ва онҳоро гиромӣ медонем.

Anvor.tj