
Вале гирифти Офтоб аз ҳамаи минтақаҳои ҷаҳон дида намешавад. Гирифти пурраи Офтоб 12 августи соли 2026 танҳо аз Гренландия, Исландия ва қисматҳои Испания мушоҳида мешавад. Дар баъзе кишварҳои дигар он ба таври қисман намоён мегардад, аммо аз қаламрави Тоҷикистон тамоман дида намешавад. Сабаб дар он аст, ки гирифтани Офтоб танҳо дар минтақаҳое мушоҳида мешавад, ки ба сояи Моҳ рост меоянд. Рӯзи 12 августи соли 2026 роҳи сояи Моҳ аз болои шимоли уқёнуси Атлантика гузашта, Гренландия, Исландия ва қисматҳои Испанияро фаро мегирад. Тоҷикистон аз ин минтақа ҳазорҳо километр дур ҷойгир буда, ҳатто ба минтақаи сояи нимторик низ дохил намешавад. Аз ҳамин сабаб, ин падида аз ҳеҷ як минтақаи Тоҷикистон мушоҳиданамешавад.
Гирифти Офтоб, ки аз Тоҷикистон мушоҳида мешавад, 2 августи соли 2027 ба амал меояд.
Мавриди зикр аст, ки гирифтани Офтоб ба ҳаёти одамон ва сайёраи Замин ҳеҷ гуна хатар надорад. Ин як падидаи комилан табиии астрономӣ буда, дар натиҷаи ҷойгиршавии Замин, Моҳ ва Офтоб дар як хат ба амал меояд.