14-уми апрел дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи илми тоҷик таҷлил мегардад. Ин сана рамзи эҳтиром ба дониш, тафаккур ва заҳмати олимон мебошад.
Рӯзи илми тоҷик аҳамияти бузург дошта, нақши илмро дар рушди ҷомеа ва пешрафти давлат таъкид менамояд. Илм нерӯи асосии тараққиёти иқтисод, техника, тиб ва фарҳанг мебошад ва маҳз бо кӯшиши олимон сатҳи зиндагии мардум беҳтар мегардад.
Ҳамасола ба муносибати Рӯзи илми тоҷик конференсияҳо, семинарҳо ва чорабиниҳои илмӣ баргузор гардида, дастовардҳои муҳаққиқон муаррифӣ ва беҳтарин олимон қадрдонӣ мешаванд. Дар маҷмӯъ, Рӯзи илм нишон медиҳад, ки пешрафти устувори ҷомеа бидуни рушди илм имконнопазир аст ва эҳтиром ба дониш заминаи ояндаи дурахшони миллат мебошад.
Ин санаи муҳимро ба олимон ва пайравони илму дониш аз номи ҳайати эҷодӣ ва техникии ТВ «Илм ва табиат» самимона табрик менамоем!!!