Насируддини Тусӣ яке аз нобиғаҳои бузурги илму фарҳанги асри XIII ба шумор меравад. Ӯ соли 1201 дар шаҳри Тус, ки яке аз марказҳои муҳими фарҳангии Хуросони таърихӣ буд, таваллуд ёфтааст. Муҳити илмию адабии ин сарзамин дар ташаккули шахсият ва ҷаҳонбинии ӯ нақши бузург бозидааст.
Тусӣ донишманди бисёрсоҳа буд. Ӯ аз лиҳози азамати шахсият дар шумори симоҳои мумтози илму адаби тоҷику форс ва тамоми башарият қарор дорад, ки дар соҳаҳои фалсафа, мантиқ, риёзиёт, нуҷум ва ахлоқ осори гаронбаҳо эҷод намудааст.
Яке аз асарҳои машҳури ӯ «Ахлоқи Носирӣ» мебошад, ки дар он масъалаҳои тарбияи инсон, ахлоқи ҷомеа ва низоми давлатдорӣ баррасӣ шудаанд. Ин китоб то имрӯз аҳаммияти худро гум накардааст. Ҳамчунин, ӯ дар рушди илми астрономия саҳми калон гузошта, бо ташаббуси ӯ дар Мароға расадхонаи бузург бунёд гардид ва дар он ҷо асари маъруфи «Зиҷи Илхонӣ» таҳия шуд. Расадхонаи мазкур дорои бузургтарин китобхона ва лавозимоти гаронбаҳо буда, дар он донишмандони бузурги Эрон ва аз дигар мамолики Машриқзамин, аз ҷумла Чин кор мекарданд.
Аз нигоҳи таърихию фарҳангӣ, Насируддини Тусӣ намояндаи муҳити илмии Хуросон ва фазои тамаддуни ориёӣ ба ҳисоб меравад. Забоне, ки ӯ бо он асарҳои ахлоқӣ ва илмии худро таълиф кардааст, бахше аз мероси адабии тоҷикон аст. Осори ӯ дар ташаккули афкори илмӣ ва фалсафии мардумони форсизабон, аз ҷумла тоҷикон, таъсири амиқ гузоштааст.
Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки Насируддини Тусӣ яке аз фарзандони барҷастаи тамаддуни ориёӣ буда, мероси илмию маънавии ӯ қисми ҷудонашавандаи фарҳанги миллии халқи тоҷик маҳсуб мешавад. Номи ӯ имрӯз ҳамчун рамзи дониш, хирад ва пешрафти илм дар таърихи миллати тоҷик гиромӣ дошта мешавад.