Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ғайридавлатии «Good Neighbors» дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ин ҳуҷҷат 11 июн дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ ва директори Ташкилоти ғайридавлатии «Good Neighbors» дар Тоҷикистон Фароғат Мирзоева ба имзо расонида шуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла таҳкими пояи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тавсеа ва таҳкими ҳамкорӣ дар ин заминаҳо изҳори умед намуданд.
Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аҳамияти хоса дода, ин соҳа дар авлавиятҳои сиёсати давлатӣ ҷойгоҳи вижа дорад.
Директори ташкилот Фароғат Мирзоева таъкид дошт, ки ташкилоти «Good Neighbors» ба рушд ва таҳкими инфрасохтори муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии зерсохтори кумита, ба вижа таъмини онҳо бо таҷҳизот, техника, дастурҳои методӣ ва маводи зарурӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин замина иқдомҳои некро рӯи даст хоҳад гирифт.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон