Дар қитъаи гарму офтобии Африқо дарахте мерӯяд, ки онро мӯъҷизаи табиат меноманд. Ин дарахт “Баобаб” бо намуди ғайриоддӣ ва қудрати ҳайратангезаш ҳар бинандаро ба тааҷҷуб меорад. Танаи азими он чунон ғафс аст, ки гӯё кӯҳе дар миёни саҳро қомат афрохта бошад. Баъзан паҳнои танаи он ба зиёда аз 10 — метр мерасад.
Баобабро дарахти баръакс низ мегӯянд, чун шохаҳояш ба решаҳои ба осмон нигаронидашуда монанд аст. Ин намуди аҷиб ба он симои афсонавӣ мебахшад. Аммо зебоии он танҳо дар шаклаш нест.
Ин дарахт метавонад ҳазор сол ва ҳатто бештар зиндагӣ кунад. Дар танаи бузурги худ ин дарахт ҳазорҳо литр об захира мекунад, то дар фасли хушксолӣ зинда бимонад. Ҳамин хусусият Баобабро рамзи сабру тоқат ва мутобиқшавӣ ба шароити сахти табиат гардондааст.
Меваи Баобаб низ бисёр фоиданок аст. Он дорои витамини C — и зиёд буда, барои саломатии инсон манфиати калон дорад. Инчунин дарахт барои бисёр ҳайвонот ва ҳатто одамон, баобаб манбаи ғизо ва об ба ҳисоб меравад.