БОЗДИДИ ГУРӮҲИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ТЕЛЕВИЗИОНИ «ИЛМ ВА ТАБИАТ»  by admin / 4 июня, 2026 No Comments 5-уми июни соли ҷорӣ гурӯҳи донишҷӯёни ихтисоси рӯзноманигории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳамидиён Илҳомҷон аз Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат» боздид карданд. Директори муассиса Саидмукаррам Шарифзода меҳмононро самимӣ истиқбол гирифта, бо имкониятҳои эҷодӣ ва техникии телевизион шинос намуданд.Дар ҷараёни шиносоӣ донишҷӯён аз студияи сабт, ҳуҷраҳои корӣ, таҷҳизоти муосири наворбардорӣ ва раванди омода намудани барномаҳои телевизионӣ дидан карданд. Зимни вохӯрӣ ба донишҷӯён аз нозукиҳои фаъолияти касбӣ дар телевизион, аз ҷумла интихоби мавзуъ, муайян кардани вақти сабт, навиштани матни барнома, сабти овоз, танзими маводи телевизионӣ, тарҷумаи филму барномаҳои телевизионӣ аз забонҳои хориҷӣ ва дубляж намудани онҳо ба забони тоҷикӣ, истифодаи технологияи навини соҳа ва дар умум пешкаши бинандагон кардани барномаҳои заҳматталаби телевизоинӣ маълумот дода шуд. Зимнан роҳбарияти Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат» ташаббуси раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро дар самти ба амалия пайвастани донишҷӯёни ихтисоси рӯзноманигорӣ шоистаи таҳсин хонда, омодагии худро барои ҷалби бешатри донишҷӯён ба ҳамкорӣ изҳор намуданд. Post Views: 83 Мубодила: