Рӯзҳои охир дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон ва қисматҳое аз вилояти Суғд паст шудани сифати ҳаво бар асари чангу ғубор мушоҳида мешавад.
Ин ҳолат барои Тоҷикистон нав нест, вале дар солҳои охир басомади он афзоиш ёфтааст. Тибқи маълумоти расмӣ, чангу ғуборе, ки дар Тоҷикистон ба назар мерасад, асосан аз беруни кишвар ворид мешавад.
Зарраҳои чанг қодиранд тавассути ҷараёнҳои пурқуввати ҳавоӣ садҳо ва ҳатто ҳазорҳо километр интиқол ёбанд. Аз ин лиҳоз, чангу ғубор асосан аз Афғонистон, Эрон, Ироқ, нимҷазираи Араб ва минтақаи баҳри Арал ба Тоҷикистон ворид мешавад.
Шаҳри Душанбе, ки дар водии Ҳисор ҷойгир аст, ҳангоми вазидани шамолҳои ҷанубӣ ва ҷанубу ғарбӣ бештар зери таъсири ин падида қарор мегирад. Массаҳои ҳавои пур аз чанг аз самти Афғонистон ва дигар минтақаҳои хушк ба Тоҷикистон ворид мешаванд. Ин зарраҳо дар ҳавои водӣ ҷамъ шуда, дидро маҳдуд мекунанд ва сифати ҳаворо бад месозанд.
Яке аз сабабҳои асосии зиёд шудани чангу ғубор дар солҳои охир тағйирёбии иқлим мебошад. Баланд шудани ҳарорати ҳаво, кам шудани боришот, хушксолӣ, биёбоншавии заминҳо, хушк шудани баҳри Арал, инчунин истифодаи нодурусти замин ва захираҳои обӣ ба афзоиши чунин падида мусоидат мекунанд.
Чангу ғубор ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ мерасонад. Он аз зарраҳои хеле майда иборат буда, ба роҳҳои нафас ворид мешавад ва хатари гирифторӣ ба нафастангӣ, аллергия, бронхит, дигар бемориҳои роҳи нафас, бемориҳои дилу раг, инчунин сӯзиши чашм ва бинӣ ва коҳиши қобилияти нафаскаширо зиёд мекунад. Аз ҳама бештар кӯдакон, пиронсолон ва шахсони гирифтори бемориҳои музмин аз ин падида осеб мебинанд.
Ҳамзамон, чангу ғубор ба муҳити зист, кишоварзӣ ва табиат низ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Зарраҳои чанг бар рӯи баргҳои растаниҳо нишаста, ҷараёни фотосинтезро суст мекунанд, ҳосилнокии зироатҳоро коҳиш медиҳанд ва ба экосистемаҳо зарар мерасонанд.
Бино ба маълумоти расмӣ, дар соли 2025 дар кишвар 63 ҳолати тӯфони чангу ғубор ба қайд гирифта шудааст, ки онҳо дар маҷмӯъ 216 рӯз давом кардаанд. Ин нишон медиҳад, ки нисбат ба се даҳсолаи пеш шумораи чунин ҳолатҳо чандин маротиба афзоиш ёфтааст.
Чангу ғуборе, ки имрӯзҳо дар Душанбе ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон мушоҳида мешавад, қисми як раванди минтақавӣ мебошад, ки тамоми Осиёи Марказиро фаро гирифтааст. Ба гуфтаи мутахассисон, тағйирёбии иқлим ва биёбоншавӣ эҳтимоли такрори чунин падидаҳоро дар солҳои оянда боз ҳам бештар мекунанд.
✍️ТВ Илм ва табиат