Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Ҷонибек Ҳикмат бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунхуа мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо натиҷаҳои Конфронси чоруми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба татбиқи натиҷаҳои Конфронс ва пешбурди ташаббусҳои байналмилалии марбут ба соҳаи об муҳокима шуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии обии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла пешниҳоди таъсиси «Чаҳорчӯби обии Душанбе» ҳамчун замина барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва суръат бахшидан ба амалҳо дар доираи рӯзномаи ҷаҳонии об, зоҳир гардид.
Ҷонибҳо инчунин роҳҳои таҳкими ҳамкории минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низоми Созмони Милали Муттаҳидро дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об, аз ҷумла тавассути ташкили чорабиниҳо ва иқдомҳои муштарак дар ҳошияи Форуми сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF), баррасӣ намуданд.
Инчунин ҳарду ҷониб омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкории муштарак дар дастгирии раванди омодагӣ ба Конфронсҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар солҳои 2026 ва 2028 бори дигар тасдиқ намуданд.
АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид